ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи навбатӣ дар Арманистон масоили амниятиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои СААД, қарор аст, ки ҳамоиши навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД 23 ноябр дар Ереван баргузор шавад.
Дабири кулли СААД, Станислав Засс президенти Белорус, Александр Лукашенко дар мавриди омодагиҳо ба ин ҷаласа ҳисобот додаст.
Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СААД аз ҷумла таниши Озарбойҷону Арманистон сари Қарабоғи куҳӣ ва роҳҳои ба эътидол овардани он мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ин масъала ҳамчунин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД рӯзи 28 октябр аз тариқи видеоӣ баргузор шуда, ҷонибҳо зарурати эътидоли вазъ аз тариқи роҳҳои сиёсиро таъкид намуданд.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид.
Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.