Дар 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон парки технологӣ сохта мешавад

Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, тавассути ташкили паркҳои технологӣ бахши саноат дар кишварро рушд диҳанду ҷойҳои нави корӣ фароҳам созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. То 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис меёбанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар ба маротиб зиёд мешавад.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ноҳияи Панҷ ба сохтмони парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшид.
Тавзеҳ дода шудааст, ки масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, дар он барои саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Таътили наздик ба 320 ширкату корхона давоми се моҳ дар Тоҷикистон
Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, тавлиди сачоқҳои яккарата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хурокворӣ ва ғайра дар назар аст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда, зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
"Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талоботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастур дод.