Лукашенко: Худо накунад, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барангехта шавад - видео

Раисҷумҳури Белорус хостори поён ёфтани ҳамаи танишҳо дар қаламрави Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ шуда, аз рух додани ҳодисаҳои нав ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шиддати таниш дар Қарабоғи куҳӣ рӯй ба поинравӣ дорад, изҳор дошт президенти Белорус, Александр Лукашенко ва афзуд набояд низоъҳои дигар, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархезанд.
Вай ин нуктаро дар мулоқот бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баён дошта, таъкид намуд, ки вақти хатми ҳамаи низоъҳост.
"Хуб нест, ки дар доираи СААД мо наметавонем ба ин низоъҳо поён диҳем. Мо бояд хеле ҷиддӣ сари ин масъала дар ҷаласаи навбатии СААД суҳбат кунем", - гуфт Лукашенко.
Засс изҳор дошт, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз масоилест, ки ӯ мехост сари он аз ҷумла бо раисҷумҳури Белорус суҳбат кунад.
Раисиҷумҳури Белорус ҳамчунин таъкид намуд, ки СААД набояд ба бозӣ гирифта шаваду дар ҳалли баъзе мушкилоти дохилии сиёсӣ кор бурда шавад. Ҳама мушкил доранд, аммо мо СААД-ро барои ин таъсис надодаем, гуфт сиёсатмадор.
Замону макони мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои узви СААД маълум шуд
Маврид ба зикр аст, ки раҳбарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи навбатӣ дар Арманистон масоили амниятиро баррасӣ хоҳанд кард. Ба иттилои СААД, қарор аст, ки ҳамоиши навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД 23 ноябр дар Ереван баргузор шавад.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро фаро мегирад.