ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар роҳҳои Душанбе, боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қариб 1500 дурбини назоратӣ кор мекунад.
Ба гуфтаи сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саидмуъмин Ҳасанзода, технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ имкон медиҳад, ки амнияти пойтахт таҳти назорат қарор гирад.
"Айни замон дар 70 шоҳроҳи пойтахт 612 камераи назорати видеоӣ насб карда шудааст, ки ин имкон дод, то танзими ҳаракати нақлиёт ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёбад", - зикр кард ӯ ба АМИТ "Ховар".
Ҳасанзода афзуд, ки дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд" дар 855 ҷойи ҷамъиятӣ "камераҳои гардиши назорати тартиботи ҷамъиятӣ" насб шудааст.
Онҳо дар боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, инчунин дар ҷойҳои серодам пайваста кор мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҳама гуна вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ тавассути системаи назорати видеоӣ сабт карда мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки тамоми маълумот дар маркази назорат сабт мешавад ва баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд сабти видеоиро ҳамчун далели шайъӣ истифода баранд.