ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Маскав омода аст бо Ғарб барои коҳиши таниш бо бархе пешшартҳо музокира кунад, гуфт вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров.
Ӯ дар суҳбат тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия гуфт, кишвараш ба шарте, ки пешниҳодҳои воқеъбинона бар асоси равишҳои баробарӣ ироа шаванд, омодаи гуфтугӯ мебошад.
"Агар онҳо ба пешниҳодҳои воқеъбинона, ки бар принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобилаи манфиатҳо ва бо мақсади дарёфти созиш ва мувозинати манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа асос ёфтаанд, истинод кунанд, аз ҷониби мо монеа нест",- афзуд Лавров.
Вай таъкид намуд, ки Маскав ин мавқеашро борҳо баён дошта, ҳеч гоҳ аз гуфтушунид саркашӣ накардааст.
Қаблан сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков низ изҳор дошта буд, ки Маскав омода аст бо Амрико, Ватикан ва дигар кишварҳо барои ҳалли вазъ дар Украина гуфтугӯ кунад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Украина бо қабули санад гуфтушунид бо роҳбарияти Русияро мамнуъ эълон намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.