Тоҷикистон бесарнишинҳои эрониро ба Русия медиҳад? Посухи расмии Душанбе ба Гордон*

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурӣ ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ намефиристад ва аз Киев ҳам расман ҳеч санаде дар ин бора нагирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Тоҷикистон изҳороти рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон* дар бораи васлу интиқоли бесарнишинҳои эронӣ барои амалиёти низомӣ дар Украинаро рад кард.
“Иддаои блогери украинӣ Дмитрий Гордон*-ро, ки 28 октябри соли 2022 дар барномаи "В гостях у Гордона" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини "кушандаи украиниҳо" аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон гуфт, рад мекунем”, - омадааст дар изҳороти ВУХ.
Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфтааст, Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ намефиристад.
"Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон* минбаъд низ ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳнкардаашро санҷад",- таъкид кардааст вазорат.
Ҳамчунин ин ниҳод гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киеви расмӣ ҳеҷ дархосте дарёфт накардааст.
Қаблан айни чунин иттиҳом аз ҷониби Гордон дар мавриди Ӯзбекистон садо дода буд, аммо Тошканд расман ин изҳоротро рад карда буд. Дар пайи ин блогери украинӣ гуфт, на Ӯзбекистон, балки Тоҷикистонро дар назар дошт.
Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи васли бесарнишинҳои эронӣ дар қаламравашро рад кард
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир хабарҳо дар мавриди интиқоли бесарнишинҳои эронӣ ба Русия зиёд паҳн мешавад. Намояндаи Русия дар СММ Василий Небензя низ изҳороти кишварҳои ғарбӣ дар бораи интиқоли эҳтимолии ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русияро дурӯғ хонд.
Инчунин сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова таъкид намуд, ки чунин буҳтонҳо аз ҷониби ИМА ва шариконаш барои фишор ба Теҳрон истифода мешавад.
*-дар Русия ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф шудаст