СММ аз кишварҳо даъват намуд, ки дастрасии бозорро ба нуриҳои Русия таъмин кунанд

Қаблан ВУД Русия гуфта буд, ки беш аз 80% нуриҳои минералие, ки Русия мехоҳад ба кишварҳои фақир ҳадя кунад, дар анборҳои се давлати дигар банд мондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. СММ аз кишварҳо даъват мекунад, ки дастрасии нуриҳои Русияро ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин кунанд, изҳор дошт Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли СММ, менависад РИА "Новости".
"Паёми СММ ин аст: дастрасӣ ба нуриҳои Русия бояд имконпазир шавад, бояд содагардонии тиҷорат вуҷуд дошта бошад", - таъкид намудаст Дюжаррик дар посух ба саволи РИА Новости дар бораи даъвати СММ ба ин кишварҳо чӣ гуна хоҳад буд.
Қаблан вазорати хориҷаи Русия гуфта буд, ки бештари он - 80 дарсади нуриҳои минералие, ки Русия омода аст ба кишварҳои фақиртарин ҳадя кунад, дар анборҳои Латвия, боқимонда дар бандарҳои Эстония, Белгия ва Ҳолланд маҳкам шудааст.
Пешгӯии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар мавриди гаронии нархи нуриҳои минералӣ
"Ҳам роҳбари СММ ва ҳам Дабири кулли ЮНКТАД ва дигарон муддати хеле тӯлонӣ дар масъалаи рафъи монеаҳое, ки метавонанд вуҷуд дошта бошанд, кор мекунанд. Мо ҳанӯз дар робита ба кишт як равзанаи хурди имконият дорем. Мо бояд ки нуриҳои маъданиро ба ҷойи зарурӣ расонем", - афзудааст ӯ.
Қаблан, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷаҳиши нархи нуриҳо дар соли 2022 ҳушдор дода буд.