ДУШАНБЕ, 28 окт— Sputnik. Дар Русия теъдоди қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумот аз ҳисоботи Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар Федератсияи Русия дар се семоҳаи аввали соли 2022 бармеояд.
Теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 10 дарсад бештар будааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҷиноятҳо дар панҷ соли охир ба ҳадди баландтарин расидааст.
"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия 30,9 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2021 10,8% зиёд аст", - таъкид кардааст ВКД.
Дар баробари ин шаҳрвандони ИДМ иштирокчии 25,4 ҳазор ҷиноят гардиданд, ки нисбат ба як соли қабл 17% зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин муддат мизони ҷиноят алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ 3,5% коҳиш ёфта, 12,2 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар муқоиса бо омори панҷ соли қаблӣ, сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия дар нуҳ моҳи соли 2022 баландтарин будааст.
Қаблан Владимир Колоколтсев вазири корҳои дохилии Русия гуфт, ки афзоиши зуҳуроти ҷиноӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 80 дарсади афзоиши ҳиссаи ҷиноятҳо ба соҳаи қочоқи маводи мухаддир марбут аст.