Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон рушд мекунад

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанд, роҳбарони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон мулоқот доир намуданд.
Дар ин бора котиботи Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Бар мабари манбаъ, Маҳмадтоир Зокирзода ва Нуридин Исмоилов дар мулоқот зикр намуданд, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд ба сатҳи сифатан нав боло бароянд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд.
Раҳмон бо Мирзиёев мулоқот кард: сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз чӣ гуфтанд?
Зокирзода афзудааст, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ва Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ӯзбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи роҳбарони ду давлат тасвиб шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.