Антонов аз Амрико хост силоҳҳои ҳастаии худро ба қаламравашон баргардонанд

Сафири Русия гуфт, силоҳҳои ҳастаии кишвараш дар қаламрави худи Русия қарор доранд ва бо вуҷуди ҳангомаи маъмурияти Амрико онҳо ба ин кишвар хатаре надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳида Анатолий Антонов аз Вашингтон хост, тамоми силоҳҳои ҳастаии дар хориҷа мустақаркардаро ба қаламрави худ баргардонад.
"Дар ин давраи пуршиддат ва пурзур шудани хавфҳо давлатҳои дорои силоҳи ҳастаӣ барои пешгирии шиддати вазъият масъулияти махсус доранд... Ба ин муносибат ман бори дигар аз Вашингтон даъват мекунам, ки тамоми силоҳи ҳастаии дар хориҷа ҷойгиршударо ба қаламрави худ баргардонанд", - даъват намуд Антонов.
Антонов: ИМА вазъро ба сӯи бархӯрди қудратҳои ҳастаӣ тела медиҳад
Дипломати рус зикр намуд, амалияи озмоиши истифодаи чунин лавозимоти ҷангӣ бо ҷалби кормандони низомии давлатҳои ғайриҳастаӣ дар чаҳорчӯби “миссияҳои муштараки ҳастаии” НАТО, бар хилофи принсипҳои бунёдии "Шартномаи паҳн накардани яроқи ҳастаӣ" мебошад.
Гуфта мешавад, ИМА қарор дорад, ки дар Аврупо ҷойгиркунии бомбаҳои навшудаи яроқии В61-12-ро тезонанд.
"Намояндагони маъмурияти Амрико одатан ин лавозимоти ҷангиро тактикӣ меноманд ва тахмин мезананд, ки арсенали аслиҳаи русӣ аз амрикоиҳо чанд маротиба зиёдтар аст. Аммо онҳо намегӯянд, ки силоҳи ҳастаии Русия дар анборҳои махсус дар қаламрави ин кишвар қарор доранд ва ба ИМА хатаре надоранд", - гуфт ӯ.
Ӯ қайд намуд, ки бомбаҳои ҳавоии Амрико, ки дар кишварҳои аврупоӣ мустақаранд, дар муддати кӯтоҳ метавонанд ба марзи Русия расанд.