ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия се рӯз паиҳам истироҳат мекунанд.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ тасдиқ карданд.
"Рӯзи Конститутсия, ки 6 ноябр таҷлил мешавад, имсол ба якшанбе рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи душанбе рӯзи истироҳат хоҳад буд", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, агар рӯзи ид ба рӯзи шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигар ба таври худкор рӯзи истироҳати иловагӣ мешавад.
Ҳамин тариқ барои таҷлили 27-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайиҳам – рӯзҳои 5, 6, 7 ноябр истироҳат ва ҳафтаи корӣ аз 8 то 11 чор рӯз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул гардид.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор қабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.