ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Федератсияи Русия нисфи ниёзи Афғонистон бар маводи сӯхтро таъмин мекунад.
Дар ин бора Нуруддин Азизӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири тиҷорат ва саноати ҳукумати толибон дар дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ Афғонистон солона ба беш аз 4 миллион тонна нафт ниёз дорад, ки дар ин самт Русия метавонад аз шарикони асосӣ барои дарозмуддат дар ин самт бошад.
Мавсуф гуфтааст, ки бо ҷониби Маскав қарордодҳои зарурӣ баста шуда, ҳоло танҳо баъзе мушкилоти интиқоли пул аст, ки каме вақт мегирад.
"Ниёзи Афғонистон дар қадами аввал бар маводи аввалия аст. Бо қимати мувофиқ мехоҳем, ки аз Русия маводи сӯхт ва ғалла дарёфт кунем. Барои ҳамкориҳои дарозмуддат дар ин замина Русия беҳтарин гузина аст", - афзудааст Азизӣ.
Ҷониби афғонистон мехоҳад нахуст барои воридот роҳи арзонро пайдо кунанд, бинобар ин нахуст ба таври озмоишӣ борро аз тариқи Эрон, Туркманистон ва ё Ӯзбекистон ворид хоҳанд кард.
Номбурда ҳамзамон гуфтааст, ки бо Туркманистон ва Эрон низ равобити хуб доранд ва бинобар ин тавассути транзит метавонанд аз Дубай ва Ироқу Арабистони Саудӣ вориди Афғонистон кунанд.
Қаблан ин намояндаи толибон гуфта буд, ки тибқи шартномаҳои пешакии иқтисодӣ, Маскав ҳамасола 1 миллион тонна маволди дизелӣ, 500 ҳазор тонна гази моеъ ва 2 миллион тонна гандум содир хоҳад кард.
Мӯҳлати созишнома ниҳоӣ нашудааст, вале баъд аз давраи озмоишӣ кишварҳо метавонанд як созишномаи дарозмуддатро ба имзо расонанд, гуфта буд ӯ.