Фалокати наздик: Зеленскийро даъват кардаанд, ки фавран аз Украина фирор кунад

Вакили рус пешгӯӣ кард, ки тағйироти азим дар тавозуни нерӯҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал хоҳад омад ва он ба режими Киев зарба мезанад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Аз раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский даъват шудааст, ки аз кишвараш фирор кунад.
Дар ин бора вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Михаил Шеремет изҳор доштааст..
"Рӯзҳои Зеленский ҳамчун сиёсатмадор ба шумор мондаанд. Ӯ бояд аз ҳоло дар бораи фирор фикр кунад", - гуфт ӯ.
Шеремет ҳамчунин дар моҳҳои наздик тағйироти ҷиддие дар таносуби нерӯҳои сиёсии ҷаҳонро пешбинӣ кардааст.
"Режими ҷинояткори Киев дигар ба хоҷагони ғарбии худ лозим нахоҳад шуд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Зеленский бояд аз Украина фирор кунад, ки "ӯ ва қабилаи фасодзадааш ба бесарусомонӣ андохтаанд".
Володин шеваи кори Зеленскийро ба Усома бин Лодан монанд кард
Қаблан Шеремет аз оғози раванди ногузири суқути Украина хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Киев ҳама корро карданд, то аввал сокинони Донбасс ва баъдан вилоятҳои Херсон ва Запороже ба онҳо нафрат пайдо кунанд.
Вай ҳамчунин дар бораи пайвастани минтақаҳои нав ба Русия изҳори назар кард. Ҳамин тариқ, Федерациям Россия қаламравҳои таърихии худро баргардонд, боварӣ дорад вакили мардумӣ.