Бе бориш: гармӣ ба Тоҷикистон бармегардад

Ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар пайи барфу борони рӯзҳои охир, ки гоҳҳо ба ҳадди хатарнок шиддат мегирифт, ҳавои нисбатан муътадил бармегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанд ва асосан бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ то 16 дараҷа, Суӯд то 21, Хатлон то 27 ва шаҳри Душанбею навоҳии атрофи он то 24 дараҷа гарм мешавад.
Аз ҷумла зикр шуд, ки дар ВМКБ бориш дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Офатҳо дар Суғд зиёду фавт кам шудааст
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона то 6+11дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона то 13+18 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар ағбаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳарорат шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм дар назар аст.