ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Як манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як бинои баландошёна сӯхта истодааст.
Аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки оташсӯзӣ дар ошёнаи саввуми ин бино рух додааст.
Дар видео маълум аст, ки сӯхторнишонон дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва аз пайи хомӯш кардани алангаи оташ ҳастанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сӯхтор дар бинои бисёрошёнӣ дар ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанберо то ҳол шарҳ надодаанд.
Аз хисороти молию ҷонӣ низ то ҳол гузориш нашудааст ва сабабҳои сар задани сӯхтор низ феълан маълум нест.