Роҳбонони тоҷик ба зимистон омодаанд? Посухи IRS

Ронандагон набояд аз вазъи роҳҳо дар фасли сармо хавотир нашаванд, зеро ба гуфтаи ширкати нигоҳбон тамоми чораҳо дар ин самт андешида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 октя — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ машғул аст, ба мавсими зимистон омодагӣ мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкат.
Коргарон ҳолати техникаи роҳсозӣ ва мошинҳои барфтозакуниро тафтиш мекунанд, бо реактивхои зарурй ва сузишворй захира мекунанд.
Дар маҷмӯъ намояндагиҳои ширкат дар Варзоб ва Суғд, инчунин филиали Зарафшон барои бемамониат пушти сар кардани сардиҳо чунин омодагиҳо гирифтаанд:
12,2 ҳазор тонна масолеҳи зиддилағзиш;
1,1 ҳазор тонна намак;
218 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ;
84 тонна ангишт;
97 аккумулятор захира карда шуда;
4,5 ҳазор литр антифриз;
420 шинаҳои эҳтиётӣ,
500 ҷуфт либоси зимистона;
118 техника.
Ғайр аз ин, коргароне, ки ба роҳбонӣ хизмат мерасонанд, бо сару либоси зимистона таъмин карда мешаванд. Ангишту ҳезум низ тайёр карда шудааст.
Шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе - Чаноқ
Дар шоҳроҳ 12 хонаи канори роҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо барои ҷойгир кардани ронандагон ва мусофирон дар сурати баста шудани роҳ бар асари фаромадани тарма тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Хонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар километри 33, 51, 62, 73, дар деҳаи Зарафшон дар километри 81, 103, 131, 160 ва дар вилояти Суғд дар километри 181, 237, 289 ва 322 ҷойгир шудаанд.