Путин гуфт, Русия талош надорад, ки як гегемони нав шавад

Путин гуфт, ки ҳеҷ кас наметавонад ба Русия бигӯяд, ки чӣ гуна ҷомеаро бунёд кунад ва ҳар як миллат ҳақ дорад роҳи худро интихоб кунад
Sputnik
Русия ба як гегемони нав табдил намеёбад, балки танҳо ҳуқуқи худро барои мавҷудият ва рушди озодона ҳимоя мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" баён дошт.
Путин сиёсати Ғарбро ифлос ва хунхор номид
Ӯ мегӯяд, Русия ҳеҷ гоҳ худро душмани Ғарб намедонист ва намедонад, балки аз ҳаққи мавҷудияти худ дифоъ мекунад.
"Русия ба элитаҳои Ғарб муқовимат намекунад, Русия танҳо аз ҳуқуқи мавҷудият ва рушди озоди худ дифоъ мекунад. Дар баробари ин, мо худамон ба як навъ гегемони нав табдил нахоҳем шуд, Русия пешниҳод намекунад, ки якқутбӣ бо дуқутбӣ, сеқутбӣ ва ғайра иваз карда шавад", — гуфт ӯ.
Ба таъкиди путин ҷаҳон дар ҳоли шаксгирӣ ба як тартиботи нав аст, ин тартиби нав дар бояд ба қонун ва ҳуқуқ асос ёбад, озод ва одилона бошад.
Президенти Русия гуфт, мутмаин аст, ки дер ё зуд марказҳои нави тартиботи ҷаҳонӣ ва Ғарб бояд дар бораи ояндаи муштарак суҳбат кунанд.