ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон барои хатмкунандагони мактаб имтиҳоноти озмоишӣ ба роҳ монд.
Ҳамин тавр, аз 22-юми октябр то 20 декабри соли 2022 хонандагони беш аз 300 макотиби кишвар метавонанд дониши худро бисанҷанд, хабар медиҳад Маркази миллии тестии Тоҷикистон.
Аввалин имтиҳонҳои озмоишӣ барои имсол дар шаҳри Панҷакент шуруъ гардид. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ дар мактабҳои №12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент 240 нафар хамткунанда ширкат кард.
Дар ин замина ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ирсол шуд.
Инчунин, вобаста ба имтиҳонҳои озмоишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва №16-и шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо омӯзгорон ва волидайни хатмкунандагон доир гардид.
Вазорати маориф ва илми кишвар имтиҳонҳои омӯзиширо барои муайян кардани сатҳи дониши хатмкунандагон мегузаронад.
Дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ тарҳи нави маҷмуи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шудааст, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шиносоӣ пайдо кунанд.
Имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ тибқи нақша ба роҳ монда мешаванд.