ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳайати нозирони ИДМ дар остонаи интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон ба кор шурӯъ карданд.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби масъули Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Илҳом Неъматов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, нозирон аз кишварҳои мухталиф ҷараёни корзори интихоботиро назорат хоҳанд кард.
Ҳайати нозиронро раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев раҳбарӣ мекунад.
"Мо ситоде мекушоем, ки бо масъалаҳои ташкилӣ машғул мешавад, — гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати ин маъмурият беш аз сад нозир шомиланд. Инҳо на танҳо намояндагони тамоми кишварҳои ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, балки Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, инчунин дипломатҳои дар Остона аккредитатсияшуда, кормандони Кумитаи иҷроия мебошанд.
Аз ин теъдод 10 нозири дарозмуддат ва боқимонда кӯтоҳмуддат мебошанд, яъне дар остонаи интихобот ба Қазоқистон меоянд.
Ёдовар мешавем, ки КМИР Қазоқистон 6 номзадро барои интихоботи оянда сабти ном кардаааст, ки аз ин қабиланд:
Сарвари кунунии давлат Қосимҷомарт Тоқаев аз Эътилофи халқӣ;
иқтисоддон Мейрам Кажикен аз Иттиҳоди иттифоқҳои касабаи Қазоқистон "Аманат";
Жигулӣ Дайрабоев аз ҲХДТ-и "Аул" ("Деҳа");
Жигулӣ Дайрабоев аз ҲХДТ-и "Аул" ("Деҳа");
Каракат Абден аз Иттиходияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Анҷумани миллии коркунони касбии иҷтимоӣ";
Салтанат Турсинбекова аз иттиҳодияи ҷумҳуриявии "Модарони қазоқ — роҳ ба сӯи анъанаҳо";
раҳбари шӯъбаи Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократӣ Нурлан Ауесбоев.
Интихоботи президентии Қазоқистон 20 ноябри соли 2022 баргузор мешавад.