Шаҳрдорӣ вуруди мусофирбарон аз Бохтар ба Душанберо манъ кард

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ин тасмим ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёт ва ба танзим даровардани мошинҳои воридшаванда ба шаҳр гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мусофирбарони самти Бохтар минбаъд мусофиронро на аз истгоҳи бозори "Саховат" савор мекунанду мефароранд, балки фаъолияи мусофирбарии худро аз терминали Дарвозаи ҷанубӣ ба роҳ мемонанд. Дар ин бора "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар дод.
Бар хабари манбаъ, муовини раиси Душанбе Фирдавс Саидзода бо роҳбарони сохторҳои марбута, корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарии пойтахт ва ҳамчунин ронандагону мусофироне, ки ба самти Бохтар мусофир мекашонанд, суҳбат доир кард ва ба самъи онҳо ин тағйиротро расонд.
Тағйирот дар масири ҳаракати мусофирбарҳо дар Душанбе ва самти Варзобу Суғд
Манбаъ меафзояд, муовини раиси Душанбе дастур додааст, ки бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти Бохтар аз кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат) то терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз ин нуқта ройгон ба терминали мазкур интиқол диҳанд.
Саидзода ҳадаф аз ин тағйиротро баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт ва инчунин ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҳаракати мусофирбарҳои самти вилояти Суғд низ навигариҳо сурат гирифт. Ҳоло макони ҷойгиршавии худравҳои мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд терминали "Чорбоғ" аст.