ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди 18 - солаи Тоҷикистонро дар қатли ҳамватани 26- солааш гунаҳкор дониста, ӯро ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Ҷасади таксирони 26- соларо бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд шаби 23 ба 24 январи соли ҷорӣ дар дохили мошин дар нишеби пандуси фурудгоҳи Пулкова дар шаҳри Санкт-Петербург пайдо карда буданд.
Он замон Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки муҳоҷири кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Федератсияи Русия омада, патент гирифтааст, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.
Маҳкумшударо дар шаҳри Пенза баъд аз панҷ рӯзи ин ҳодисаи даҳшатбор дастгир намуданд. Зимни бозпурсӣ ба суоли чаро ҳамватанашро бо бераҳмии махсус қатъ кардааст, посух додааст, ки "Ин кори байни мост".
Бар асоси натоиҷи тафтишот, қотил ҷабрдидаро ба ноҳияи сар ва қафаси синааш бо корд ё теғи тез зарбаҳои зиёд зада, сипас гулӯи ӯро буридааст.