Ришии тиллоӣ: беҳтарин аксҳои ҷавонтарин сарвазири Бритониё дар 200 соли ахир

Сарватмандтарин сиёсатмадори Бритониё, Риши Сунак пас аз истеъфои Лиз Трасс, нахуствазири нави ин кишвар шуд, ки ҷавонтарин дар таърихи ин кишвар дониста мешавад
Sputnik
1 / 12

Раҳбари нави Ҳизби консервативӣ ва сарвазири Британияи Кабир Риши Сунак пирӯзии худро дар интихобот, 24 октябри соли 2022 ҷашн мегирад.

2 / 12

Сунак ҳамчун канслери хазинаи Бритониё дар конфронси солонаи Ҳизби консервативӣ, 4 октябри соли 2021 суханронӣ мекунад.

3 / 12

Риши Сунак мушаки зиддитанкии NLAW-ро, ки 17 августи соли 2022 ба Украина супурда шуд, тафтиш мекунад.

4 / 12

Шоҳзода Чарлз, ҳамсараш Камилла ва Риши Сунак бо ҳамсараш Акшата Мерти дар қабули Бунёди Осиёи Бритониё дар Осорхонаи Бритониё 9 феврали соли 2022.

5 / 12

Таблиғ дар бораи тағирот ба нархҳои пиво бо сабаби чораҳои Сунак, Англияи Шимолӣ, 22 октябри соли 2020.

6 / 12

Сунак бо қуттии буҷа дар даст, бо Сарвазири хазинадорӣ Стив Барклей, вазири молия Кеми Баденоч ва дигар мансабдорони давлатӣ дар Даунинг Стрит 3 марти соли 2021.

7 / 12

Сунак дар мубоҳиса бо вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиз Трасс ҳангоми мубориза барои мансаби сарвазирии кишвар, 25 июли соли 2022.

8 / 12

Сунак 7 сентябри соли 2021 ба хонаи пиронсолони Вестпорт ба Шарқи Лондон ташриф овард.

9 / 12

Риши Сунак бо духтараш дар нахустнамоиши мусиқии Роалд Дал "Матилда", 5 октябри соли 2022.

10 / 12

Сарвазири собиқи Бритониё Борис Ҷонсон ва Риши Сунак ҳангоми боздид аз пивои Fourpure дар Бермондси 27 октябри соли 2021 пиво менӯшанд.

11 / 12

Граффити бо Риши Сунак пеш аз интихоботи сарвазири Бритониё, Ирландияи Шимолӣ, 16 августи соли 2022.

12 / 12

Сунак 24 октябри соли 2022, қароргоҳи Ҳизби Консервативиро дар Лондон тарк кард.