ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар соли 2021 Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин дарёфткунандагони кумаки Русия табдил ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Душанбе хабар додааст.
"Дар соли 2021 кумаки Русия барои рушди ҷумҳурӣ методологияи СҲИР (Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд) 1 192,1 миллион долларро ташкил дод", — омадааст дар гузориш.
Намояндагии дипломатӣ афзуд, аз ин маблағ 103,2 миллионаш ба татбиқи лоиҳаҳои мусоидат ба рушди Тоҷикистон равона шудааст.
Ҳамин тариқ, 77 миллион доллар барои сохтмони мактабҳои Русия ва 10,5 миллион доллари дигар барои барномаи ғизои мактабҳо аз тариқи WFP (Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ) ҷудо шудааст.
Ҳамзамон 4,2 миллиони дигар барои дастгирии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) интиқол дода шудааст.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, аз ҳама бештари кумакҳои Русия барои рушдро Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Никарагуа дарёфт кардаанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки дар соли 2021 Маскав ва Душанбе 1,4 миллиард доллар муомилот кардаанд, ки нисбат ба як соли қабл 40% бештар аст.