ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мақомоти тоҷику ӯзбек барои таҷдид ва афзудани иқтидори қабули нақлиёт дар гузаргоҳи сарҳадии "Бекобод" мувофиқа кардаанд.
Ин созиш дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Тошканд, Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон Илҳом Мухторов ҳосил шудаст, хабар дод "Ховар".
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин барои таъсиси гузаргоҳҳои нави дорои аҳамияти байналмилалӣ мувофиқа намудаанд.
Инчунин зикр гардидааст, ки дар мулоқот барои фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот пешниҳодҳои мушаххас ироа шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонанд. Бар асоси омори расмӣ, додугирифти кишварҳо тайи солҳои охир майли афзоиш дорад.
Қаблан Раҳмонзода изҳор дошт, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.
"Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд", - изҳор дошта буд сафир.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайра мехарад.