Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Мирзозодаро баъди 7 соли кор дар Русия барканор кард

Ҳукумати Тоҷикистон дар раёсати намояндагии муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Русия тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Мирзозода Зоҳир Тоҳир аз вазифаи роҳбари намояндагии бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барканор шуд.
Қарор дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси ҳукумати кишвар низ ҳаст, моҳи равон имзо кардаст.
Дар қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон далели барканории Зоҳир Мирзозода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Вай дар ин вазифа аз моҳи майи соли 2015 то октябри соли 2022 фаъолият дошт.
Мирзозода, ки дар ҳолномаи расмияш дар сомонаи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия донандаи 5 забон - чинӣ, олмонӣ, англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ муаррифӣ мешавад, феълан маълум нест, ки чӣ вазифа гирифтааст.
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Ҳамчунин феълан дар мавриди таъйиноти ҷадид ба мақоми роҳбари намояндагии муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия феълан иттилое ироа нагардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия ин кумаку ҳимоят аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистон дар ФР мебошад.
Аз Тоҷикистон дар Русия садҳо ҳазор нафар фаъолият доранд, ки маблағи ирсолкардаи онҳо ҳиссаи назаррасро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ташкил дода, манбаи асосии таъмини ҳаёти хонаводаҳо дар кишвар маҳсуб меёбад.