Размоиши густурдаи СПАД дар Тоҷикистон: ҷолибтарин аксҳо

Дар ҷануби Тоҷикистон нирӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамринҳои СПАД “Сарҳад-2022”-ро анҷом доданд
Sputnik
Размоиши амалӣ дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар наздикии марз бо Афғонистон сурат гирифт.
Ба гуфтаи Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки СПАД, низомиён сатҳи баланди омодагии касбӣ, ҳамоҳангӣ ва муассирӣ дар кор нишон доданд.
Дар доираи машқҳо низомиёни СПАД аз таҷрибаи артиши Русия дар Донбасс ва Сурия истифода карданд.
Нерӯҳои мусаллаҳ гуруҳҳои ғайриқонуниро, ки тибқи ривояти тамринот ба қаламрави як кишвари узви СПАД таҷовуз карда буданд, “нобуд” кард.
Амалиёт аз замину ҳаво: марҳилаи ниҳоии размоиши СПАД дар Тоҷикистон-видео
Ёдовар мешавем, ки тамриноти “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистон аз 10 то 21 октябр баргузор шуд.
Дар онҳо ҳудуди ҳазор нафар ва беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус ширкат варзиданд.