Тағйирот дар масири ҳаракати мусофирбарҳо дар Душанбе ва самти Варзобу Суғд

Шаҳрдории Душанбе бархе навигариҳо дар ҳаракати мусофирбарҳои пойтахт ва ҳамчунин мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғдро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Макони ҷойгиршавии худравҳои мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд минбаъд терминали "Чорбоғ" хоҳад буд.
Дар ин бора бо нашри як эълон шаҳрдории Душанбе хабар дод. Манбаъ изҳор дошт, ки қарори раиси пойтахт дар ин бора аллакай имзо шуда, он аз 21 октябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.
"Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонда мешавад, ки аз 21 октябри соли 2022 фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбарии самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавассути роҳи автомобилгарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали "Чорбоғ" муайян гардид", - омадааст дар эълон.
Душанбе ба низоми пардохти ғайринақдӣ мегузарад
Ҳамчунин таъкид шудаст, ки нуқтаи охири бархе аз хатсайрҳои мусофирбарии шаҳри Душанбе низ маҳз терминали "Чорбоғ" муайян гардидаст.
Шаҳрдорӣ аз ҷумла тавзеҳ дод, ки истгоҳи охири хатсайрҳои микроавтобусии рақамҳои 52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №№3, 29 ва 41 терминали мазкур муқаррар карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки бунёди терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати қариб 6 гектар охири соли 2017 назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ оғоз шуда буд.
Ҳадафи бунёди терминал ба як низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои гирду атроф ва меҳмонон арзёбӣ шудааст.