ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна сабзавот ва ҳудуди 216 ҳазор тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Соли равон дар майдони умумии зиёда аз 38,4 ҳазор гектар маҳсулоти сабзавот парвариш карда шуд. Марҳилаи ҷамъоварӣ бошад, дар 37,5 ҳазор гектари он анҷом шудааст.
Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳосили миёнаи сабзавот аз ҳар гектар 321 сентнерро ташкил дод.
Натиҷаи беҳтарини ҷамъоварии ҳосил дар вилояти Суғд будааст, ки деҳқонони ин минтақа аз ҳар гектар 326 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.
Дар мавриди намудҳои сабзавот бошад, пиёз дар дар ҷойи аввал меистад, ки 525,8 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Баъд 247,7 ҳазор тонна помидор, 123,8 ҳазор тонна сабзӣ, қариб 120 ҳазор тонна бодиринг ва 46,2 ҳазор тонна карам.
Инчунин 141,5 ҳазор тонна дигар навъҳои сабзавот гирдоварӣ шудааст.
Дар мавриди мева бошад, дар ҷамъоварии онҳо вилояти ҷанубӣ – Хатлон пешсаф аст, ки дар он 99,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Харбуза дар Тоҷикистон дар ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ пешсаф шуд. Баъдан вилояти Суғд бо 77,8 ҳазор тонна, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 33,7 ҳазор тонна ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 4,4 ҳазор тонна қарор доранд.
Ҳосили ангур аз аз ҳама бештар хушнудкунанда будааст. Ҷамъоварии ин навъи меваи деҳқоқони кишвар то кунун 128,5 ҳазор тонна будааст.