ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бритониё, ки сарвазири дуюмаш давоми ду моҳ метавонад вазифаи худро тарк кунад, бадтарин буҳрони сиёсиро аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то кунун аз cap мегузаронад.
Дар ин бора, муаррихи бритониёӣ Энтони Селдон изҳор дошта, афзудааст, ки вазъият ҳатто назар ба давраи кризиси Суэтс ҳам бадтар аст, менависад РИА "Новости".
Борис Ҷонсон, нахуствазири пешини Бритониё, пас аз истеъфои дастаҷамъии аъзои кобинаи вазирон ва интиқодҳо дар паёми худ рӯзи 7 июл эълом кард, ки мақоми раиси Ҳизби муҳофизакорро тарк мекунад.
Моҳи сентябр собиқ вазири корҳои хориҷӣ Лиз Трасс сарвазири нав интихоб шуд. Бо вуҷуди ин, ҳукумати ӯ низ ба интиқод кашида шуд.
Сатҳи пуштибонӣ аз Трусс дар ҷомеаи Бритониё ба далели сиёсати бебарори иқтисодии вай то 10% коҳиш ёфтааст.
Мувофиқи пурсишҳо аксарияти аъзоёни ҳизби консервативӣ бар инанд, ки Трасс бояд аз вазифааш истеъфо диҳад.
"Ин бузургтарин буҳрони сиёсӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Буҳрони Суэтс дар соли 1956 бад буд, аммо сарвазири мӯътамад ба зудӣ ба кор даромад ва вазъро ба ҳолати муқаррарӣ баргардонд. Солҳои 1972-1974, пуштибони сарвазир бидуни шак девони вазирони ӯ буд. Ҳоло кӣ, ва дар куҷо? " - суолгузорӣ кардааст Селдон дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қаблан inews бо истинод ба вакилони парлумон хабар дод, ки тақрибан 100 нафар аъзои порлумони Бритониё ба раиси кумитаи роҳбарикунандаи ҳизби муҳофизакор Грэм Брэйди нома навишта, ба далели сиёсати бебарори иқтисодии Трасс, хостори раъйи нобоварӣ нисбати ӯ шудаанд.
Барои оғози ин тартиб, раъйи тақрибан 15% вакилони муҳофизакор (тақрибан 54 вакил) лозим аст.
Агар раҳбари ҳизб дар интихобот пирӯз шавад (бо зиёда аз 50% овозҳо), ӯ дар вазифаи худ боқӣ мемонад ва дахлнопазирии яксоларо мегирад.
Агар вай мағлуб шавад, маҷбур мешавад, ки истеъфо диҳад ва аз ҳаққи ширкат дар интихоботи минбаъда маҳрум мегардад.