ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазъият дар минтақаи амалиёти низомӣ муташанниҷ аст, низоми Киев тамоми нерӯро ба рахна кардани кардани хатти дифои нерӯҳои Русия равона кардааст.
Дар ин бора фармондеҳи гурӯҳи муштараки нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ, генерали армия Сергей Суровикин ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вай махсусан вазъият дар самтҳои Купянский, Краснолиманский ва Николаев-Кривой Рогро мураккаб арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи генерал, ҷониби Русия теъдоду зарфияти нерӯҳояшро тақвият дода, иншооти мудофиавӣ дар хатти баҳамоӣ бунёд карда истодааст.
"Русҳо ва украинҳо як халқанд, ҳариф низоми Киев аст, ки шаҳрвандонашро ба марг тела медиҳад. Танҳо мехоҳем, Украина мустақил аз Ғарбу НАТО ва дӯсти Русия бошад", - афзуд ӯ.
Фармондеҳ тавзеҳ дод, ки Русия талоши ҷаҳиш ба пешро надорад ва кӯшиш дорад аз талафот миёни сарбозонашу аҳолии осоишта ҷилавгирӣ намояд.
Дар зимн илова намуд, ки роҳбарияти НАТО-ии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина муддати тӯлонӣ аз режими Киев талаб кардааст, ки новобаста аз талафоти низомиён ва аҳолӣ ба Херсон ҳамла кунад.
Дар бораи омодагии зарбаҳо ба сарбанди неругоҳи барқи обии Каховская ва Херсон бидуни дақиқ намудани ҳадафҳо маълумот мавҷуд аст, гуфт генерал.
"Вазифаи аввалиндараҷаи мо ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, артиши Русия дар доираи барномаи кӯчонидани аҳолӣ, ки ҳукумати Русия омода кардаст, хуруҷи аҳолиро таъмин хоҳад кард", - изҳор дошт ӯ.
Дар мавриди иқдоми минбаъдаи Русия дар Херсон Суровикин изҳор дошт, ки он аз авзо ва раванди ҳаводис дар минтақа вобаста буда, қабули чораҳои ғайриодӣ низ истисно нест.