ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик таъсиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.
Ин санади мазкур ахиран пас аз вохурии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо муовини директори генералии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” - и ВКД-и Русия ба имзо расидааст.
Зикр гардидааст, ки таъсиси намояндагии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатномаи оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.
Таъкид шудааст, ки ин вохӯрӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ барои баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, Муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар” дар шаҳри Душанбе, “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” баррасӣ гардиданд.
Инчунин, дар рафти сафар ҳайати КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД-и Русия аз Хадамоти муҳоҷират, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафар ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” дидан намуда, бо мақсади амалӣ намудани Ёддошти тафоҳум масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи судмандро баррасӣ намуданд.