ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии минтақаҳо гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҷануби кишвар сафарбар гардидааст.
Ба иттилои Вазорати маориф, гуруҳи мазкур таҳти роҳбарии муовини вазир Зиёдулло Абдулзода дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав камбудиҳо ошкор кардааст.
Зикр шудаст, ки аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии рақами 1, 6, 7, 11, 12, 16, 20, 25, 26 ва гимназияи №1-и ноҳия масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, китобҳои дарсӣ, дастрасии Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳо санҷида шуд.
Маълум шудаст, ки дар мактабҳои №6, 20 ва 26 давомоти хонандагон нокифоя буда, дар муассисаҳои таълимии №6, 7, 11, 20, 25 ва 26 хонандагон дар дарсҳо бе китоби дарсӣ иштирок доштанд.
"Норасоии омӯзгорону китобҳои дарсӣ, бе тайёрӣ дар дарсҳо иштирок намудани омӯзгорон, риоя нагардидани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби баъзе хонандагону омӯзгорон, то ҳол тасдиқ нагардидани ҷадвали дарсӣ, ба равияҳо ҷудо нагардидани синфҳои 7-11 сабт шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Набудани нерӯи барқ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи камбудиҳои дигаре будаст, ки гуруҳи кории Вазорати маориф дар ноҳияи Носири Хусрав ба қайд гирифтаст.
Дар пайи санҷишҳо ба масъулин дастур дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва камбудиҳои ошкоршударо давра ба давра бартараф кунанд.