ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз кӯдакистон №134 ва мактаби миёнаи №42 дар ноҳияи Фирдавсӣ боздид кардааст.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, зимни боздид аз кӯдакистон камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хурок ба кӯдакон ошкор шудаст.
Омода набудани муассиса ба фасли зимистон, хусусан, захира накардани маводи хурока барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулиятҳои кӯдакон, истифода нашудани заминҳои наздимуассисавӣ аз ҷумлаи камбудиҳои дигар будаанд.
Вазир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 шоҳиди суҳбати хонандагон бо алфоози қабеҳ дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он шудааст.
"Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов ва дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи дигар камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расид", - омадааст дар иттилоия.
Дар пайи ин боздид вазир роҳбарони муассисаҳои таълимии зикршуда ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсиро муваззаф кардаст, ки камбудиҳоро дар давоми як ҳафта бартараф кунанду аз натиҷааш ба Вазорати маориф гузориш пешниҳод намоянд.