Таркиш дар кони ангишти музофоти Бартин, дар умқи 300 метрӣ замоне рух додааст, ки беш аз 100 нафар дар он ҷо машғули кор будаанд. Бар асоси гузоришҳо, бар асари ин фоҷиа 40 конкан кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шуданд. Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз маҳалли таркиш боздид кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи рух додани ин фоҷиа роҳбарони давлатҳо ба Эрдуғон ва пайвандони ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ карданд. Паёми таслиятро ба раисҷумҳури Туркия, аз ҷумла президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Русия, Владимир Путин ирсол намуданд.