Ҳушдори Орбан аз "ба зону задани иқтисоди Аврупо"

Сарвазири Маҷористон аз тӯл кашидани амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ва дар пайи он ба зону задани иқтисоди Аврупо ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан воқеиятро дар қитъаи Аврупо мояи нигаронӣ хонд.
Вай дар як паём Аврупоро аз "иқтисоди болои зону" ва "ҷанги тӯлонӣ" ҳушдор дод. Дар зимн таъкид намуд, ки кишвараш ба артише ниёз дорад, ки қодир ба кафолати сулҳ бошад.
"Мо бояд бо воқеият рӯ ба рӯ шавем. Агар ин идома ёбад, таҳримҳо Аврупоро такон медиҳанд, иқтисоди қитъа ба зону меафтад, одамон метавонанд дар хатар қарор гиранд ва ба назар чунин мерасад, ки мо бояд ба ҷанги тӯлонӣ омода шавем", - гуфт Орбан.
Ин дар ҳолест, ки ӯ қаблан аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки сиёсати ғалати таҳримгузориро алайҳи Русия бознигарӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз таҳримҳо зиёни бештар мебинад.
"Таҳримҳо интизориҳоро бароварда накарданд. Дар ҳоле, ки Русия дар ин миён пули хубе ба даст меорад. Маълум аст, ки сиёсати таҳримии ғалати Брюссел бояд тағйир дода шавад", - изҳор дошт вай.
Мақомдорони дигар низ аз Аврупо ва берун аз он аз паёмадҳои манфии таҳримҳо алайҳи Русия ҳушдор доданд.
Чӣ гуна Ғарб аз барои Маскав ба доми сохтааш афтид
Аз ҷумла ба далели маҳдудияти интиқоли газ аз Русия кишварҳои аврупоиро мушкилоти ҷиддӣ дар пеш аст, изҳор дошт ахиран президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
"Кишварҳои Аврупо дар зимистони имсол ба далели маҳдудият дар интиқоли газ аз Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳоло тамоми Аврупо ин суолро мепурсад, ки ин зимистон чӣ гуна мегузарад", - гуфт Эрдуғон.
Дар зимн таъкид намудаст, ки Туркия дар фасли сармои оянда бо манобеи энержӣ мушкиле нахоҳад дошт.