ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷараёни тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистон иқдомоти барқарории марзи давлатиро таҳия мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Қазоқистон хабар додааст.
"Масъалаҳои марбут ба идоракунии воҳидҳои Нерӯҳои зудамал коркард мешаванд. Барои муҳосира ва несту нобуд кардани дастаҳои ҷангӣ, барои барқарор намудани сарҳади давлатӣ чорабиниҳои ҷангӣ ва махсус гузаронида шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорати дифои Қазоқистон, дар ин тамринот амалиёти муштараки нерӯҳои зудамал барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ омода мешавад.
"Аз Қазоқистон як гурӯҳи нерӯҳои десантии ҳамлаи ҳавоӣ таҳти раҳбарии сардори ситод - муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои фармондеҳии вилояти Остона, полковник Бағлан Усербоев ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабар.
Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки "Сарҳад - 2022" баргузор мешавад. Машқҳо аз 10 то 21 октябри соли 2022 давом мекунанд. Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринот дар Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳазор нафар ва беш аз 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ташкил медиҳад.