ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия тақрибан 5800 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши украинӣ нобуд карда шудаанд, мегӯяд Вазорати мудофиаи ин кишвар.
"Дар маҷмӯъ 323 ҳавопаймо, 161 чархбол, 2236 ҳавопаймои бесарнишин, 380 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 5792 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 869 мошини ҷангии чандкаратаи ракетӣ, 3475 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномёт68, мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд гардиданд", - гуфта мешавад дар гузориши вазорати дифоъ.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.