ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Кишварҳои ИДМ бояд кӯшиш кунанд, ки роҳи раҳоӣ аз вазъҳои муноқишаро “то ҳадди имкон” ҷустуҷӯ кунанд.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Остона ҷараён дорад, изҳор дошт, менависад РИА Новости.
Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ вай дар бораи ихтилофот дар фазои пасошӯравӣ изҳори назар кард.
"Албатта, бо тамоми ҳамкориҳои мусбат дар доираи ИДМ бояд дарк кард, ки мутаассифона, ихтилофҳо ва низоъҳо баъзан ба миён меоянд... Албатта, мо бояд барои роҳи раҳоӣ аз вазъияти кунунӣ дар ҳар куҷое, ки ба миён ояд, кӯшиш кунем. Иродаи нек. , ба назари ман, ҳама дорад, мо бояд аз ин иродаи нек ба ҳадди аксар истифода кунем”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ин нишаст раисиҷумҳури Русия ибтикори мулоқот бо президенти Қирғизистону Тоҷикистон Садир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он масъалаҳои мубрами марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ӯ ҳамзамон аз раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон хост, ки барои ҳалли муноқишаи марзияшон сари мизи музокирот нишинанд.
Путин афзуд, ки дар ниҳояти кор ширкаткунандагон ҳадафи таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башариро дар заминаи ИДМ доранд.