Путин пешниҳод кард, ки соли 2025 дар ИДМ соли мубориза бо миллатгароён эълон шавад

Ин пешниҳод паёми равшане ба дунёест, ки аз миллатгароён путибонӣ мекунад ва ҳифзи корномаи мардумони ИҶШС барои наҷоти инрсоният аз ин вабо аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки соли 2025 дар ИДМ соли 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мубориза бо миллатгароён эълон шавад.
Владимир Путин ин пешниҳодро дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Остона идома дорад, баён дошт.
Ба таъкиди ӯ, чорабиниҳо дар доираи он барои ирсоли як паёми рӯшан дар мубориза бо миллатгароӣ мусоидат мекунанд.

"Дар мавриди соли 2025 мо пешниҳод мекунем, ки имкони эълони он соли 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ шавад. Аммо соли сулҳу ваҳдат дар мубориза бо миллатгароӣ низ", - афзуд Путин.

Ӯ гуфт, ки иддае аз давлатҳо кӯшиш мекунанд, корнамоии мардумони ИҶШС-ро барои аз байн бурдани вабои миллатгароӣ ва наҷоти инсоният аз ҳофизаи таърих пок кунанд, аммо мо барои ҳифзи он корнамоиӣ ва муборизаи дигарбора бо нозиён даъват мекунем.
Коротченко: Тамоми қаламрави Украина бояд таҳти назорати Русия гузарад
Дар чорабинӣ раҳбарони ИДМ аз пешниҳоди Путин пуштибонӣ карданд.
Аз ин пеш сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида омода аст миллатгароиро бо як хоҳиши бадном кардани Русия ситоиш кунад.
Рӯзи 10 октябр муовини раиси Шӯрои Амният Дмитрий Медведев бошад, гуфт, Русия бояд барҳам додани режими сиёсии нозиро дар Украина анҷом диҳад.