То 30 дараҷа гармӣ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон нисбатан гарм боқӣ монда, дар ВМКБ то 23 дараҷа, Суғд - 28, Хатлон - 30, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Душанбе то 28 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабри бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм дар назар аст.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 23+28 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 16+21 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво камабр шуда, боришот дар назар нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 23+28 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона то 7+9 ва рӯзона 26+28 дараҷа гармӣ мерасад.