Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд наздик ба 800 миллион доллар расид

Мақомоти вилояти Суғд ахиран хабар додааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон содироти маҳсулот аз ин вилоят ба хориҷ 1,9 баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли равон ба 11 млрд 218,7 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 4,7 ва 10 фоизро ташкил намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2 млдр 300,1 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,1 фоиз таъмин гардид.
Бунёди 130 корхонаву коргоҳи нав дар вилояти Суғд дар давоми нӯҳ моҳ
Ҳаҷми воридот 1507,4 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313,9 млн. доллар ё 26,4 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 792,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд мебошад.
Ҳамзамон мақоқоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 18,4 фоиз таъмин гардидааст.
Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.