Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Садир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дидору гуфтугӯро оғоз кард.
Сиёсатмадорон дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона мулоқот дорад.
Интизор меравад, ки яке аз мавзӯъҳои ин дидор даргириҳои зиёд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бошад.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Қазоқистон баргузор шуда, дар он кишварҳое ширкат мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави Осиёро ишғол мекунанд ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ мекунанд.
Ҳоло дар ин нишаст 27 давлат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.