ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Руасои ҷумҳури Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим доранд, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар Остонаи Қазоқистон баррасӣ кунанд, иттилоъ додааст ёвари президенти Русия Юрий Ушаков.
Вай гуфт, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов сари як мези музокира менишинанд.
Ҳамчунин вай илова кард, ки Русия омода аст, дар раванди ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон "шонаи бародарӣ" гузорад.
“Маскав ҷонибдори ҳалли дипломатии масъалаи марзи Душанбе ва Бишкек аст”, - гуфт ёвари кишвардори Русия Юрий Ушаков.
Оқои Ушаков илова кард, ки ҳаводис дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд барои ноором кардани суботи минтақа истифода шаванд.
"Мо ба вуҷуд омадани ҳар гуна ихтилофот миёни ҳампаймонҳои СПАД басо бенатиҷа меҳисобем ва бар ин назарем, ки ҳар гуна низоъ, аз ҷониби бадхоҳон метавонад барои ноором кардани вазъ дар минтақа истифода шавад", - изҳор дошт Юрий Ушаков.