То 28 дараҷа гарм: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 25 дараҷа, дар Суғд то 28, дар Хатлон то 29, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Душанбе то 28 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мегардад.
Вилояти Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 16+21дараҷа гарм дар назар аст.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон низ рӯз бе боришот мегузарад. Гармӣ дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 8+10 ва рӯзона то 26+28 дараҷа гармӣ мерасад.