ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон феълан 3 ҳазору 940 мактаби таҳсилоти умумӣ дорад, ки дар он зиёда аз 128,8 ҳазор омӯзгор ба таълим машғуланд.
Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ниҳоди тобеяш баён дошт.
Ба иттилои ӯ, аксари омӯзгорон - беш аз 80 ҳазор омӯзгори макотиби таҳсилоти умумиро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла дар ВМКБ аз 5,5 ҳазор омӯзгор 3,4 ҳазораш зан, вилояти Хатлон аз 46 ҳазор 26 ҳазораш зан, дар Суғд аз 39 ҳазор 26 ҳазор зан, Душанбе аз 11 ҳазор 8,7 ҳазор зан, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 26 ҳазор 15 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Вазир ҳамчунин аз эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зикр намуд, ки қаблан барои соли таҳсили 2022-2023 ҳудуди 3,4 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд.
Ба иттилои вазир, вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4,3 ҳазор нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ фиристода шуданд. Аз ин шумора 3,1 ҳазор нафар бо маълумоти олии касбӣ ва 1,2 ҳазор нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Саидзода таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз 3406 нафар ба ҳолати охири сентябр ба 351 нафар расонида шуд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмӣ соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 нафар хатм намуданд, ки аз ин бо маълумоти миёнаи касбӣ 1,8 ҳазор нафар ва олии касбӣ 5,3 ҳазор нафар мебошанд.