ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Соли равон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 41,3 ҳазор донишҷӯ қабул гардид, ки 62%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни ҷаласаи Шӯрои мушовараи ниҳоди тобеяш баён доштаст.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бар асоси нақшаи қабул ба 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бояд ҳудуди 66,6 ҳазор донишҷӯй қабул карда мешуданд.
Вазир таъкид намудаст, ки яке аз масъалаи муҳим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин қабули довталабон ба муассисаи таълимӣ мебошад.
Иҷро нагардидани нақшаи қабул дар ҳолест, ки соли равон Маркази миллии тестии назди раисҷумҳури Тоҷикистон се бор барои қабули такрорӣ ба довталабон имкон дода буд.
Дар зимн таъкид мегардад, ки дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир таваҷҷуҳ ба дохилшавӣ ба донишгоҳҳо майли камшаваӣ дорад.
Маркази миллии тестӣ хабар дода буд, ки имсол теъдоди довталабони донишгоҳҳои кишвар ҳамагӣ 82 ҳазор нафарро ташкил дод, дар ҳоле ки соли 2020 ин рақам ба беш аз 100 ҳазор нафар баробар буд.
Ба гуфтаи масъулини ММТ, яке аз сабабҳои камшавии довталабон дар Тоҷикистон ин боз шудани сарҳадҳо мебошад, зеро донишҷӯён имкони ба хориҷ рафтану таҳсил карданро пайдо намуданд.
Дар маҷмуъ раёсати ММТ таъкид намуд, ки барои дақиқ намудани коҳишёбии таваҷҷӯҳи довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бояд як назарсанҷӣ сурат гирад, ки дар асоси он сабабҳои субъективӣ ва объективӣ ин ҳолат муайян мешавад.