Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.