ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад.
Вилояти Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Борон дар вилояти Хатлон ҳам дар назар набуда, ҳарорат дар дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳри Душанберо низ ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳарорат шабона 8+10 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.