Медведев: Украинаи муосир ҳамеша ба Русия таҳдид хоҳад кард

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки давлати Украина ташакулёфта бо режми нозӣ ба Русия ҳамеша таҳдид хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Давлати Украина дар шакли кунунии худ бо режими сиёсии фашистӣ ба Русия таҳдиди доимӣ, мустақим ва ошкоро хоҳад дошт, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Ойои Медведев қайд кардаааст, ки ин мавқеи шахсии ӯ мебошад.

"Давлати Украина дар шакли кунунӣ бо режими сиёсии фашистӣ ба Русия таҳдиди доимӣ хоҳад дошт", - навиштааст ӯ дар Telegram-канали худ.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ қаблан хабар дода буд, ки субҳи 8 октябр як мошини боркаш дар пули Қрим мунфаҷир шуд ва дар натиҷа ҳафт қатори сӯзишворикаш оташ гирифт. Як қисми пул автомобилии пул қисман тахриб шуду ба баҳр фурӯ рехт. Арки болои қисми киштии он осеб надидааст, гуфт Кумитаи миллии зиддитеррористӣ.
Ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Русия таҳти раёсати Путин: видео
Тибқи маълумоти муқаддамотии Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари таркиш се нафар ба ҳалокат расида, фармоишгар ва омилони ҳамлаи террористӣ хадамоти махсуси Украина будааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран гуфт, Русия субҳи 10 октябри соли равон бо пешниҳоди Вазорати дифои Русия ва тибқи нақшаи Ситоди генералӣ ба иншооти энергетикӣ, фармондеҳӣ ва коммуникатсияи Украина бо силоҳҳои дақиқи дурбурд ҳамлаи густарда анҷом дод.