ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Як гурӯҳи даҳнафарии Қирғизистон вориди хоки Тоҷикистон шуда ҳамроҳ бо масъулони Идораи замини вилояти Суғд ба сӯйи Душанбе равона шуданд, иттилоъ медиҳанд ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҳукумати Исфара.
“То рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаҳои марзро баррасӣ хоҳанд кард”, - иттилоъ дод манбаъ.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки бо супориши раиси шаҳри Исфара масъулони Идораи замин барои ба шаҳри Душнабе расидан ҷониби Қирғизистонро роҳбаладӣ намудаанд.
Қарор аст ин гурӯҳ як ҷо бо масъулони комиссиия байниҳукуматии Тоҷикистон сари масъалаҳои марзӣ гуштушунид анҷом бидиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аиси КДАМ Қирғизистон, Қамчибек Тошиев хабар дод, ки то охири ҳафта ҳайати кории Қирғизистон дар Тоҷикистон бояд масоили баҳсии минтақаҳои Сулюкте ва Кулундуро ҳал намояд.
Ҳайати Қирғизистонро дар Тоҷикистон намояндаи вижаи Кабинаи вазирони ҶҚ дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев роҳбарӣ мекунад.
"Фикр кардам, ки гуруҳро беҳуда нафиристам, агар ҷониби Тоҷикистон ба шартҳои мо розӣ набошад. Аммо онҳо гуфтанд, ки ба музокирот сари пешниҳодҳоямон розиянд. Гурӯҳ барои 4 рӯз рафт, натиҷаро мебинем", - изҳор дошт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.